Баррасии ташкилнамоии ҳукумати электронӣ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 15 ноябри соли 2011 дар шаҳри Тошканд Форуми 5-ум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Куриё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки дар чаҳорчӯби он ҳамчунин Форуми 4-уми сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Куриё ва давлатҳои минтақа ва ҷаласаи махсус оид ба масъалаҳои ҳавосанҷӣ (метеорология) сурат мегирад.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форум ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷӣ иштирок кард, ки ба он ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ шомил буданд. Дар ҳошияи Форум масъалаҳо оид ба соҳаи илму техника, мубодилаи таҷриба доир ба рушди минтақаву ноҳияҳо, ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи ташкил намудани ҳукумати электронӣ ва инкишофи варзиш баррасӣ мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






