Муҳокимаи мавзӯи барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 8 ноябри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Фан Сянжун бо даъвати ҷониби Тоҷикистон мулоқот намуд.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусоҳибон зимни мулоқот мавзӯи барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла Конфронси Истанбул ва ҳуҷҷати хотимавии он, баргузории Конфронси Боннро баррасӣ намуданд.Ҳ. Зарифӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳуҷҷати хотимавии конфронси Истанбулро дар бобати истиқрори сулҳу амният дар Афғонистон комилан ҷонибдорӣ менамояд. Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо масъалаҳои мутамарказ намудани нерӯҳоро ҷиҳати тақвияти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон низ муҳокима намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






