Ноумедӣ дар бозии сеюм.

Ноябрь 2, 2011 16:02

 Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи мамлакат дар бозиҳои интихобии ҷоми Осиё дар гурӯҳи «Б» баъди бохти навбатӣ аз дастаи мунтахаби Урдун бо ҳисоби 1 бар 4 ҳуқуқи ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанро аз даст дод. Тӯби ягонаро   Фирӯз Раҳматов ба нишон расонид. Дар ин гурӯҳ дар даври сеюм «Баҳрайн» дастаи  мунтахаби «Бутан»-ро 3 бар 0 ва «Қатар» « Кувайт»-ро 1 бар 0 мағлуб намуда, муборизаро барои роҳхат ба даври ниҳоӣ идома медиҳанд.
 
Дар гурӯҳи «А» дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби  Арабистони Саудӣ ва Малдив ҳисоби рекордии 11 бар 0 ба қайд гирифта шуд. Дастаи «Ироқ» дар ин гурӯҳ бар футболбозони «Уммон» бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба кард. 4 ноябр дар дидори охирин  дастаи мунтахаби кишвар бо дастаи мунтахаби Қатар қувва меозмояд.
 

Ноябрь 2, 2011 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад