Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз, 15 ноябр, дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мегардад. Фестивали филмҳоро, ки то 18 ноябр идома меёбад, Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти саҳҳомии «Қазоқфилм»-и ба номи Ш. Айманов созмон додааст.Дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои синамои Қазоқистон филмҳои «Кучманчӣ», «Афсонаи харгӯши гулгун» ва «Осмони овони кӯдакии ман», ки аз давраи бачагии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нақл мекунад, намоиш дода мешаванд. Дар ҷараёни Рӯзҳои синамои Қазоқистон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Қазоқистон, ки 16 декабр таҷлил мегардад, намоишгоҳи суратҳо доир мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






