Ширкатҳои Покистон лоиҳаҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон амалӣ мекунанд
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҶТ Амҷад Ҳусейн Б Сиал баргузор шуд. Чунон ки дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Фаррух Ҳамралиев дар ҷараёни мулоқот барои дастгирӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Сафири Покистон дар навбати худ гуфт, ки ширкатҳои калонтарини кишвараш омодаанд, лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши коркарди чарм ва рушди бахши инфиродии ҶТ рушду густариш диҳанд.Ҷониби Покистон ҳамчунин иброз дошт, ки ҳамкории мутақобилан муфид дар соҳаҳои инфрасохтор ва энергетика ривоҷ хоҳад ёфт.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






