Ситоди шабонарӯзӣ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия

Ноябрь 14, 2011 15:20

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар робита ба рӯйдодҳои ахир ва маҳз афзудани таҳдидҳои созмону ташкилотҳои ғайрирасмии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ва баргузории гирдиҳамоиву намоишҳои ғайриқонунӣ дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва бинои хадамоти консулгарӣ, ҷиҳати сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва расонидани кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти онҳо дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ситоди шабонарӯзӣ таъсис дода шуд.Аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ки ситод баҳри танзиму ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сафоратхона ва намояндагиҳои дахлдори Тоҷикистон ташкил ёфта, ба он сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев роҳбарӣ мекунад.Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия аз ҳамаи шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар даъват мекунад, ки зимни зарурат ба ситод муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои зерин занг зананд:Достией Абдулмаҷид Салимович – сафири Тоҷикистон дар Русия: +7 (495) 690-41-86, 690-38-46;Назаров Тӯрабек Камолович – мушовир: +7 926-203-70-86Рашидов Сулаймон Сатторович – мушовир: +7 925-74-82-47Ғаниева Садбарг Бурҳоновна – консул: +7 926-192-13-44Одинаев Асрор Тошматович – намояндаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ФР: +7 925-880-80-38Яъқубова Шарифа Аъзамовна – котиби аввал: +7 916-874-48-27Бӯрибоев Мурод Хайруллоевич – котиби матбуотӣ: +7 926-839-27-16Назиров Баҳодур Тошматович – котиби дуюм +7 925-879-40-20Файзуллоев Манучеҳр – котиби сеюм: +7 917-550-29-93Абдушукуров Абдусамад Абураҳмонович – атташе: +7 910-416-75-54Асламов Муродбек Раҷабалиевич – атташе: +7 929-662-85-57Зайнидинов Хуршед Нуридинович – мутахассис: +7 926-349-33-28Мирзоев Саидмухтор Маҳмудович – муовини сардори Намояндагии ХМ назди ҳукумати ҶТ дар Русия: +7 906-724-02-02.Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байналмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароида, Маскав изҳор кард, ки чораҳои ҷавобӣ хоҳад андешид.Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алексей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ноябрь 14, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт