Таҷлили зодрӯзи муаллифи «Қиссаҳои Ҳиндустон» дар Ҳиндустон
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- 2 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дар ҳамкорӣ бо «Академияи Саҳития-Муассисаи илмии забон ва адабиёти Ҳинд» бахшида ба таҷлили 100-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони миллати тоҷик, шоир, нависанда, сиёсатмадори барҷаста Мирзо Турсунзода ва перомуни фаъолияти адабию сиёсии ӯ симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад.Дар кори симпозиум меҳмонон аз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон, инчунин корпуси дипломатии кишвари иқомат иштирок менамоянд. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки даъватшудагон перомуни ҳаёт ва фаъолияти М. Турсунзода бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво сухан мегӯянд.Дар рафти кори симпозиум ба меҳмонон филми ҳуҷҷатӣ дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти шоир пешкаш мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






