Воқеаи нохуш
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз ҳангоми ҳаракати автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53» таҳти идораи Чимӣ Абӯбакрови 37-сола дар километри 565-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ аз болои кӯҳ санги калон афтода ба чархи қафои автомашина бархӯрдааст.Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ронандаи автомашина ва мусофири он Дониш Зобитшоеви 26-сола дар дарёи Ванҷ ғарқ гардиданд.Мусофирони дигари дохили автомашина Орзуи Шерози 17-сола ва Абӯбакр Ҷимии 13 –сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Ванҷ бистарӣ шудаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






