Ҳайати фарҳангии Эрон ба Душанбе омад
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як ҳайати фарҳангии эронӣ таҳти роҳбарии яке аз коргардонҳои шинохтаи бахши синамои ин кишвар Ҷамоли Шурҷа ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши матуботи Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд: сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон дар доираи таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон сурат гирифта, тӯли як ҳафта ҳайати мазкур аз марказҳои фарҳангии Тоҷикистон дидан намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно мегарданд. Ҳайати эронӣ, ки ба он шоирону нависандагон, коргардонҳои бахши синамою театр ва ҳунармандон шомиланд, аз Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи Фирдавсӣ, Осорхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод С. Айнӣ, Театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри лӯхтак боздид намуда, бо роҳбарони марказҳои фарҳангии мазкур ва ҳунармандони он дидору мулоқот менамояд. Инчунин ҳайати мазкур аз бархе ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ба мисли Қалъаи Ҳисор дидан хоҳад кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






