Ҳамкории соҳибкорони ҶТ бо маркази тиҷоратии Тайван
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар ҳошияи мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо мутахассиси бахши маркетинги намояндагии Маркази тиҷоратии ТАИТРА — и Тайван воқеъ дар шаҳри Алматои Қазоқистон Тота Раисова масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот раиси палата зикр кард, ки соҳибкорони ҶТ хостгори ҳамкорӣ бо Маркази тиҷоратии Тайван ва хариди амволи сохти ин кишвар мебошанд. Худи ҳамон рӯз дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии намояндагии Маркази тиҷоратии Тайван барпо гардид.Дар ҷараёни маросими муаррифӣ Тота Раисова изҳор дошт, ки Маркази тиҷоратии Тайван дар 55 кишвар намояндагии худро дошта, вазифаи асосии он иборат аз иштирок дар намоишгоҳу ярмаркаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






