«Ҳисоби дӯстон дар дил»
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳафтаи оянда намоишномаи мазҳакавии «Ҳисоби дӯстон дар дил»-ро аз рӯи асари А. Островский (дар тарҷумаи Ғаюр Ашӯри Растагор) пешкаши тамошобинон мегардонад. Ба саҳнагузорандаи намоиш Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев буда, нақшҳоро ҳунармандон Қурбони Собир, Соро Сабзалиева, Зулхумор Иброҳимова ва дигарон иҷро менамоянд.Ҳамчунин 19 декабр соати 15.00 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерт аз эҷодиёти композитори маъруфи тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад Аъзам Солиев баргузор мегардад.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






