Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия

Декабрь 30, 2011 15:39

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Сарвазири мамлакат, Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар назди аъзои Шӯро изҳор намуд, ки тақвияти мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки ба пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат хатари азим дораду эътибори давлат ва ҳокимиятро дар назди ҷомеа коҳиш медиҳад, дар мадди назари аввали роҳбарияти сатҳи олии давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.Оқил Оқилов таъкид кард, ки ба тавсиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия», «Стратегияи мубориза бар зиддии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъминоти иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» ва дигар ҳуҷҷату санадҳои давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ ва тақвияти мубориза бар зидди коррупсия анҷом дода шудаанд.Ҳамзамон дар ҷаласа котиб ва дигар аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз тадбирҳои анҷомдодашуда дар роҳи мубориза бо коррупсия ва роҳу усулҳои нави муқовимат бар зидди ин падидаи номатлуби ҷомеа ёдовар шуданд.Таъкид кардан ба маврид аст, ки Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 таъсис дода шуда, сохтори он аз раис, котиб ва аъзои Шӯро иборат мебошад.Дар охир аз ҷараёни ҷаласаи нахустини Шӯро натиҷагирӣ ба амал омад ва бо назардошти пешниҳодҳои асосноки раис, котиб ва аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабинииҳои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, андешидани тадбирҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ ва фаҳмондадиҳии оқибати номатлуби ҳолатҳои коррупсионӣ барои соли 2012 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

Декабрь 30, 2011 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ