Ҷавонон пиронсолонро мамнун гардонданд
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи соли нави мелодии 2012 бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар Маркази пиронсолон ва нафақахӯрони пойтахт чорабинии фарҳангии солинавӣ баргузор гардид. Пиронсолонро намояндагони раёсат ва масъулини Марказ бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо тандурустии комил ва хушиҳои рӯзгорро таманно карданд. Чорабинии идонаро овозхонҳои ҷавони пойтахт, Бобои Барфию Барфак ва дигар қаҳрамонҳои афсонавӣ бо таронаву рақсу суруд, ҳазлҳои солинавӣ ва намоишномаҳои шавқовар рангину хотирнишин гардонданд. Дар фарҷом ба бошандагони Марказ тӯҳфаҳои солинавӣ аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






