Барномаи нави ИДМ роҳандозӣ шуд

Декабрь 8, 2011 11:25

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – 7 декабр таҳти васояти Раёсати ИДМ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ маросими роҳандозӣ намудани барномаи минтақавии мадад ба саъю кӯшишҳо дар амри мубориза бо маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011 – 2014 баргузор гардид. Дар ин бора маркази навигариҳои СММ хабар медиҳад.Тавре Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов иброз дошт, бо назардошти он, ки солҳои наздиктарин барои ояндаи Афғонистон солҳои ҳалкунанда мегарданд, мо бояд зидди хавфу хатари маводи нашъаовар бо камоли масъулият ва ба таври мушаххас амал кунем. Юрий Фетодов зикр намуд, ки созишномаи миёни Афғонистон, Эрон Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки мақсад аз он таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи маводи нашъаовар мебошад, ҳуҷҷати бе собиқа аст.

Декабрь 8, 2011 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд