Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Литва
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар Вилнюс дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Литва баррасӣ гардид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, дар вохӯрии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва Президенти Ҷумҳурии Литва хонум Дале Грибаускайте масоили ҳамкорӣ баррасӣ гардид.Зимни мулоқот Қ. Қоимдодов ба Президенти Литва эътимодномаи худро супурд ва Д. Грибаускайте Қ. Қоимдодовро ҷиҳати таъйин шудан ба ҳайси нахустин сафир табрик намуда, изҳор дошт, ки ӯ дар рушди ҳамкориҳои зичи дуҷониба миёни кишварҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.Тибқи иттилои манбаъ, ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Литва ҳанӯз соли 1992 асос гузошта шудааст. .








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






