Бастани қарордод дар шакли хаттӣ пешбинӣ мешавад
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 7 декабр ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид намуд. «Кодекси мазкур моҳи майи соли 1997 қабул гардида, то имрӯз ба он 10 маротиба тағйиру илова ворид шудааст», гуфт зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур Сабоҳат Муқимова, вакили Маҷлиси намояндагон. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур тақвият бахшидани кафолатҳои меҳнатии иҷтимоии кормандон ва таъмини мутобиқати дохилии меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз 128 қисм иборат буда, ба 136 моддаи он тағйиру илова ворид карда мешавад. Банди 2 қисми 1 моддаи 31-и Кодекси меҳнат минбаъд мӯҳлати бастани шартномаи муайянро ба истиснои бандҳои 3, 4 ва 5 на камтар аз як сол пешбинӣ мекунад, ки ин ба манфиати кормандон аст. Ин раванд дар Кодекси амалкунанда 5 солро ташкил медод, ки он боиси поймол гардидани ҳуқуқҳои коргарон гардида буд. Инчунин моддаи 92 –и Кодекси меҳнат дар таҳияи нав барои ҳамасола истифода намудани рухсатии меҳнатии кормандон мусоидат менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти корфармоён ва ҳимояи манфиати кормандон ҳангоми беморӣ, пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 1-уми моддаи 32-и Кодекси меҳнат дар таҳияи нав минбаъд бастани қарордоди меҳнатиро танҳо дар шакли хаттӣ пешбинӣ мекунад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






