Беҳтарин публитсисти Тоҷикистон дар соли 2011 муайян гардид
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Ҷоизаи асосии Ассотсиатсияи публисистҳо барои силсилаи мақолаҳои публисистӣ ба директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинов супорида шуд.Ҷоизаҳои Ассотсиатсия ҳамчунин ба публисисти мустақил Бахтиёр Муртазоев барои қиссаи ҳуҷҷатии «Нақби истиқлол», ба Абдуғаффор Абдуҷабборов барои тарҷумаи беҳтарини китоби публисистии Нурсултон Назарбоев (2007), барои силсилаи мақолаҳои публисистии Владимир Воробёв ( «Народная газета»), ба Ҷӯрақул Аҷибоев («Халк овози»), ба Хуршеди Атовулло («Фараж»), ба Зинатулло Исмоилов (СМТ), ба Владимир Фролов («Курьер Таджикистана», 2008), ба Умар Шерхонов ( «Шарқи озод») ва ба публитсист аз «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов (2010) супурда шудаанд. Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи публитсистҳои Тоҷикистон 26 феврали соли 2007 таъсис ёфта, муассисони он роҳбарони васоити ахбори оммаи кишвар ва публисистҳои мустақили ҷумҳурӣ мебошанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






