Боксчии тоҷик дар қатори беҳтаринхо
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дар ҷаҳони варзиш расм шудааст, ки охири ҳар сол ҳамаи Федератсияҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳунарнамоӣ ва истеъдоди варзишгаронашон беҳтаринҳоро муайян карда, онҳоро бо тӯҳфаву ҷоизаҳо сарфароз мегардонанд. Инак, хушхабар аз Федератсияи ҷаҳонии бокси ғайрикасбӣ: боксчии ҷавони тоҷик Асрор Воҳидов, ки соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар вазни 48 кг ғолиб омада буд, беҳтарин боксчии ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон гардид. Ин шарафи бузург на ба варзишгар муяссар мешавад. Асрор аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба ин унвон шарафёб гаштааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






