Бунёди НБО – ҳои хурд бо сармоягузории ватанию хориҷӣ

Декабрь 14, 2011 16:47

Душанбе, 14 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар давоми солҳои 1991 то 2011 – ум 262 адад НБО – ҳои хурд сохта ба истифода дода шудаанд, ки иқтидори умумиашон 23 мегаваттро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси «Барномаи дарозмуддати бунёди НБО – ҳои хурд барои солҳои 2009 – 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 2 феврали соли 2009 қабул шудааст, 189 адад нерӯгоҳ сохта ба истифода дода мешавад, ки иқтидори умумии онҳо 103,2 мегаваттро ташкил медиҳад.Барномаи мазкур бо мақсади истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия равона гардида, имконият медиҳад, ки энергетияи потенсиалии дарёчаҳои хурд ва обравҳо барои таъмини ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастрас равона гардад.Дар даҳ моҳи соли 2011 25 адад НБО бо иқтидори 7 мегаватт сохта ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳҳои мазкур дар маҷмӯъ 2099 хоҷагӣ ва 18 бинои маъмурии ёрирасонро бо нерӯи барқ таъмин менамоянд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ сохтмони 13 нерӯгоҳ бо иқтидори 3434 киловатт идома дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон як нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 100 киловатт, дар ВМКБ 6 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 960 киловатт ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 1824 киловатт сохта ба истифода дода мешавад.Сохтмони НБО – ҳои хурд таҳти назорати доимии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Декабрь 14, 2011 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд