Чаро лоиҳаи қонун аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шуд?
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мебоист 16 декабр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул мегардид, аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шуд. Сабаби аз рӯзномаи ҷаласа бардоштани масъалаи мазкур дар ҷаласа иштирок надоштани сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Гурез Зарифов буд. Дар посух ба саволи Шукурҷон Зуҳуров, ки чаро роҳбари аввали Хадамот дар ҷаласа иштирок надорад, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати мамлакат Неъмат Раҳматов гуфт, ки сардори Хадамот бо мақсади татбиқи инфрасохтори бахши гумрукӣ бо як гурӯҳ донорҳо дар минтақаи Панҷи Поён қарор дорад. Дар робита ба ин Ш.Зуҳуров афзуд, ки дар ҷаласаҳои парлумони мамлакат вобаста ба масъалаҳои марбута иштироки роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ки аъзои ҳукуматанд, ҳатмист. Ҳол он ки роҳбарону масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иштирокашон дар ҷаласаҳои парлумон вобаста ба масъалаҳои марбутаи соҳавӣ як ҳафта қабл аз сӯи парлумон огоҳ карда мешаванд. Дар ин масъала мо бояд низом, тартиб ва эҳтиром нисбат ба шохаҳои давлат, аз ҷумла парлумон- мақоми олии қонунгузорро дошта бошем,- гуфт Ш.Зуҳуров,-зеро тартибу масъулият дар низоми давлатдорӣ аз муносибатҳои оддӣ оғоз меёбанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






