Дастури Президент доир ба кӯмак ба ниёзмандон
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба ниёзмандон кумакҳои хайрия расонда шаванд. Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон кумакҳои хайрия расонанд. ҳамчунин аз соҳибкорону тоҷирон ва дигар ашхоси сарватманду саховатпеша даъват карда шуд, ки ба корҳои хайрия ҳамроҳ шаванд. Таъкид гардид, ки аҳолии ниёзманди кишвар бояд натанҳо дар арафаи иду ҷашнҳо, балки пайваста мавриди ғамхорию дастгирии мардуми саховатманд қарор дошта бошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






