Гуногуннамудии биологии олами наботот, истифодаи оқилона ва ҳифзи он
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Тайи солҳои охир масъалаҳои экологӣ аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо намуда, ҳатто ба мавзўи сиёсати байналмилалӣ табдил гардидаанд. Аз меъёр зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ ба он оварда расонидааст, ки қисмҳои алоҳидаи табиат ва унсурҳои он ба куллӣ тағйир ёфта, рў ба камшавию нестшавӣ ниҳодаанд.Аз соли 1900 то 1975 дар рўи Замин 1,2 % — и намуди ширхўрон ва паррандагон нест гардидаанд. То охири солҳои 80 –уми асри гузашта қариб 8 %, яъне на камтар аз 1000 – намуд дар зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд. Агар ҷараёни нобудшавии намудҳои биологӣ бо ҳамин гуна суръат идома ёфтан гирад, то соли 2050 аз рўи Замин хавфи нестшавии 50 – намуди биологӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин самт мо чӣ кор карда метавонем? Посух бояд чунин бошад:даст кашидан аз шикору буридани дарахтон, ҷамъоварии растаниву гиёҳҳои нодиру пурарзише, ки онҳоро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад;кам кардани талабот ба маводи сўзишворию барқ ва захираҳои моддӣ;дастгирӣ кардани истеҳсолоти бехатарию экологӣ;омўхтани қонунгузориҳои ҳифзи табиат ва маълумот додан дар бораи он ба дигарон. Дар замони тараққиёту кашфиёт дар доираи табиат мушкилоти зиёдро ба вуҷуд оварда истодааст. Вале оқилона бо табиат муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он вазифаи муқаддастарини ҳар фард аст. Бинобар ин пеш аз ҳама дар шуури одамон маърифати экологиро баланд бардоштан зарур аст. Барои ташаккули одоб ва маърифати экологии аҳолӣ лозим аст, ки роҳу усулҳои муҳими тарбиявиро ҷустуҷў карда, татбиқи амалии онҳоро дар таълиму тарбия самаранок истифода барем. Боигарии табиат – боигарии гаронбаҳо, ганҷинаи беҳамтои халқ буда, ҳифзи табиат ҳифзи обу ҳаво, сарватҳои гаронбаҳои замин, олами набототу ҳайвоноти он мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






