Хадамоти муҳоҷират почтаи электронии худро кушод
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз ҳолати кунунии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ва гуфтугӯ бо онҳо почтаи электронии худро таҳти унвони muhojirat_tj @mail.ru кушод. Аз маркази матбуотии ин хадамот ба хабаргузории «Ховар » иттилоъ доданд, ки мақсад аз ташкили почтаи электронӣ тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва инчунин ВАО мебошад. «Ба роҳ мондани почтаи электронӣ қадами аввалин нест дар роҳи беҳбудии вазъият ва гуфтугӯ бо муҳоҷирон ва аз наздик шинос шудан бо ҳолати будубоши муҳоҷирон, навиштани мактубҳо, инчунин огоҳӣ пайдо кардан аз фаъолияти муҳоҷират ва номояндагиҳои он дар хориҷи кишвар»,- афзуд манбаъ. Гузашта аз ин, намояндагони ин хадамот бо таъсиси почтаи электронӣ умедвори ҳамкориҳои бештар бо тамоми созмонхои чамъиятӣ ва ҷамъиятҳои муҳоҷирон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






