Хостори ҳайати парлумонии Тоҷикистон
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни мулоқот дар Душанбе хостори расонидани кӯмакҳои техникӣ дар заминаи коркард ва истихроҷи захираҳои зеризаминӣ, аз ҷумла нафту газ гардидаанд. Дар робита намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки дар баробари дар оянда ҷонибдорӣ ва мусоидат намудан ба рушди соҳаҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дархости ҳайати парлумонии Тоҷикистонро низ дар нақшаи барномаҳои имдодии худ ворид хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1993 ба узвияти Бонки ҷаҳонӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пазируфта шудааст. Аз замони оғози ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аз сӯи ин созмони байналмилалии молиявӣ дар кишвари мо 56 лоиҳаи гуногун дар бахшҳои мухталиф мавриди иҷро қарор дода шудаанд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқоти ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






