Иҷлосияи ИДМ дар мавзӯи таъриху фарҳанг
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 8 то 11 декабр дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия иҷлосияи ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ дар мавзӯи таъриху фарҳанг баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шӯрои оид ба умури ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ роҳандозӣ мешавад. Тавре дар Намояндагии Бунёди байналмилалии ҳамкории башардӯстона дар Тоҷикистон хабар доданд, иҷлосия ба соли мероси таърихию фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ ва 20 – солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешавад.Дар иҷлосия қариб 150 нафар намояндагони 11 давлат, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






