Идомаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар шаҳри Днепропетровск

Декабрь 16, 2011 17:04

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрўз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар шаҳри Днепропетровски ин кишвар идома ёфт. Дар фурўдгоҳи шаҳри Днепропетровск меҳмони олимақомро раиси вилояти Днепропетровск, Раиси маҷлиси вилоятӣ, раиси шаҳри Днепропетровск ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса ва расму оини миллии меҳмоннавозӣ истиқбол гирифтанд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи мошинсозии Южний, ки бештар бо номи Южмаш маъруф аст, ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, самти асосии фаъолияти «Южмаш» истеҳсоли мушакҳои барандаи кайҳонӣ, қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо ва тадқиқотҳои илмӣ-техникии кайҳоншиносӣ буда, дар он ҳамчунин троллейбус ва трактору дигар техникаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад. Маҳз ба хотири ҳамин корхона Украина чун кишвари дорои иқтидори кайҳоншиносӣ эътироф гардидааст. Зимни боздид ва шиносоии наздики Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кори корхона ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, як корхонаи муштарак доир ба ҷамъсозӣ ва фурўши тракторҳои ЮМЗ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад. «Фаъолияти ин корхона бояд бо назардошти талабот дар бозори минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ ташкил карда шавад», — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Сипас ҳайати расмии Тоҷикистон ба Корпоратсияи «Агросоюз»-и Днепропетровск ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши он аз наздик шинос шуданд. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки ин корхона соли 1991 таъсис ёфта, дар зарфи 20 соли фаъолияташ ба дастовардҳои намоён ноил гардидааст. Шуғли асосии аҳли заҳмати он растанипарварӣ, чорводорӣ ва парвариши шутурмурғ буда, тамоми корҳо бо истифода аз технологияҳои пешқадами каммасрафу пурсамар ба роҳ монда шудаанд. Технологияҳои муосири агротехникӣ дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо ширкати олмонии ҳорш (HORSH) ва дигар шарикони маъруфи ҷаҳонии он ба роҳ монда шудаанд. Тавре зикр гардид, Корпоратсияи «Агросоюз»-и Днепропетровск бо маркази муосири таълимӣ ва корҳои намунавии истеҳсолиаш, ҳамчунин барои таҷрибаомўзии мутахассисони ин соҳа аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ шудааст. Зимни боздид барои ташкили ҳамкории босамари ин корхона бо сохторҳои марбутаи Тоҷикистон тавофуқоти муҳим ҳосил шуд. Нимаи дуюми рўз дар Донишгоҳи давлатии кўҳкории Днепропетровск Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷўёни он ва намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Украина мулоқот анҷом дод.Зимни мулоқот бо устодону донишҷўён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кўҳкории Днепропетровск сарфароз гардонда шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин донишгоҳ 7 нафар донишҷўёни тоҷик бо бурсияи (квотаи) давлатии Украина таҳсили илм мекунанд. қарор аст, ки минбаъд шумораи бурсияҳо барои донишҷўёни тоҷик зиёд карда шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 16, 2011 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд