Иншооти хилофи қонун сохташуда аз байн бурда мешаванд

Декабрь 13, 2011 14:59

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Мутобиқи дастури прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа иншооти хилофи қонун сохташудаи шаҳр аз байн бурда мешаванд.Тавре дар прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, прокуратураи шаҳр иншооти хилофи қонун бунёдшударо дар яке аз кӯчаҳои марказӣ ошкор намуд.Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Тағоймурод Қосимов дар навбати худ хабар дод, ки ин иншоотҳо бе иҷозати дахлдор бунёд шуда, хилофи талаботи шаҳрсозӣ ва меъморӣ мебошанд. Ба гуфти Т.Қосимов, прокуратура аз рӯи 12 иншоот дастур баровардааст, ки ҳамаи онҳо бояд ҳатман аз байн бурда шаванд.

Декабрь 13, 2011 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд