Иштироки Э. Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Декабрь 20, 2011 10:36

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Дирӯз, 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ҷамъ омаданд. Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои он давлатҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон мебошанд. Арманистон давлати нозир ба шумор мераванд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳори андеша ба марҳилаи нави раванди муттаҳидшавӣ ворид шудани давлатҳои аъзои Иттиҳодии иқтисодии Авруосиёро «посух ба оқибатҳои ҷаҳонишавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои ба сатҳи ҳамкории воқеан стратегӣ баровардани муносибатҳои кишварҳои аъзои созмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «ҳиссаи кишварҳои аъзои ин созмон дар мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 35%-ро ташкил дод». «Афзоиши ҳиссаи кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин мизон суръати хеле баланд дорад», — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба иттилои Сарвари давлат, «дар тиҷорат бо Тоҷикистон ҳиссаи Беларус нисбат ба соли гузашта 148%, Қирғизистон 138% ва Қазоқистону Русия 160% афзоиш ёфт». Бо ишора ба ин рақамҳо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «кишварҳои аъзои Иттиҳод, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳамдигар сахт вобастаанд, танҳо дар ҳамдастӣ метавонанд оқибатҳои сангини буҳронҳои ҷаҳонии иқтисодию молиявиро пушти сар кунанд». Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба мушкилоти Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехатарии энергетикию озуқаворӣ бори дигар кишварҳои минтақа ва аъзои ин созмонро «барои мавриди истифодаи босамару оқилона ва ба кулли минтақа судбахш қарор додани имкону захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо» ба ҳамкории наздик даъват намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 20, 2011 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд