Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаи гуфтушунид бо Президенти Украина
Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма, Хонумҳо ва ҷанобон,Натоиҷи сафари расмӣ, гуфтушуниду мулоқоти мо бо Президенти Украина, мӯҳтарам Виктор Фёдорович Янукович, бо роҳбарони дигари кишвар бори дигар тасдиқ намуданд, ки Украина барои Тоҷикистон шарики муҳим дар фазои пасошӯравӣ мебошад.Мо натиҷаи гуфтушунидҳои расмии имрӯзаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунем. Гуфтушунидҳо дар вазъияти умуман барои муносибатҳои ду мамлакат хоси дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифта ва хусусияти амалию боварибахш доштанд.Мо дар маҷрои равобити доимии сиёсиамон вазъи ҳозираи муносибатҳои давлатиамон ва дурнамои рушди онҳоро мавриди муҳокима қарор дода, аз рӯи як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намудем. Мо суръати рушди ҳамкории ду давлатро умуман ба таври мусбат арзёбӣ намуда, баҳри густаришу ривоҷи минбаъдаи равобити мутақобилан муфиди Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои мухталифи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ изҳори ақида кардем. Аҳамияти такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ қайд гардид. Дар робита бо ин саъю кӯшиши дуҷониба ҷиҳати вусъат бахшидани робитаҳои сиёсӣ ва густариши мавзӯи онҳо зикр гардид. Мо аҳамияти ба кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ бахшидани хусусияти доимиро қайд намудем. Дар радифи баррасии самтҳои асосии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ суръати мусбати густариши муомилоти тиҷорати хориҷии байни мамлакатмон қайд гардид. Тайи соли 2010 – ум ҳаҷми муомилоти моли байни Тоҷикистону Украина ба дусад миллион доллари ИМА расид, ки назар ба нишондоди соли 2009 баробари 65 фоиз зиёд аст. Тамоюлҳои афзоиши он соли ҷорӣ ҳам ба назар мерасад. Мо манфиати мутақобилаамонро ба истифодаи пурратари имконоти мавҷуда ҷиҳати афзун намудани ҳаҷм ва рушди сохтори муомилоти мол ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мушаххаси аз нигоҳи иқтисодӣ муфид иброз доштем. Бахши гидроэнергетика, соҳаҳои мухталифи саноат дар баробари бахшҳои дигари анъанавии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Украина чун самти авлавиятдори ҳамкории минбаъдаи инвеститсионӣ зикр шуданд.Дар ҷараёни гуфтушунид сухан дар бораи имкониятҳои рушди равобити тиҷоратии миёни ниҳодҳои хоҷагидорӣ ва соҳавии ҷонибҳо мерафт.Дар робита бо ин мо зикр намудем, ки қариб 90 фоизи тамоми таҷҳизоти техникии дар нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон истифодашаванда маҳсулоти корхонаҳои саноатии Украина мебошанд.Ҳамчунин воҷиб будани рушди ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ аз рӯи ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарии ду кишвар қайд гардид. Дар гуфтушунид масъалаҳои густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарии ҳар ду кишвар таъкид шуд.Мо ба ҷонибдории рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбию техникӣ изҳори ақида намудем.Ҷонибҳо силсилаи нави созишномаҳои аз рӯи натиҷаи гуфтушунид қабулшударо, ки бояд заминаи шартномавию ҳуқуқии муносиботи дуҷонибаро таҳким бахшанд, муҳим донистем.Мо ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ аз рӯи қазияи Афғонистон табодули афкор намудем.Мо ҳамчунин ба масъалаҳои дигари муҳими ҳаёти байналмилалӣ дахл карда, дурнамои ҳамкориамонро дар доираҳои СММ, САҲА, ИДМ, иттиҳодияҳои дигари байналмилалию минтақавӣ мавриди муҳокима қарор додем. Ҷонибҳо омодагиро ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар, хатару таҳдидҳои дигари имрӯза тасдиқ намуданд. Дар хотима мехостам қаноатмандии амиқи худро аз гуфтушунидҳои баргузоршуда иброз дорам. Аз фурсат истифода намуда, мехоҳам ба Президент ва Ҳукумати Украина, ба ҳамаи дӯстони украин барои пазироию меҳмоннавозии самимонаашон изҳори миннатдорӣ намоям. Ман Президенти Украинаро даъват намудам, ки дар вақти барояш муносиб барои боздиди дӯстонаи расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.Фикр мекунам, дар Душанбе давом додани гуфтушунидамон ба мо имкон медиҳад, ки нақшаҳои нави вусъат бахшидани ҳамкориамонро муҳокима намоем.