Мактаби «Аличур» тармим мешавад
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи рақами 6 дар ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб» ҳамчун кӯмаки бебозгашт 112 ҳазору 106 доллари ИМА ҷудо намуд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 7 декабри соли 2011 шартномаи лоиҳаи мазкур аз тарафи ҷаноби Ҳиройуки Имахашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Мурзабай Ҷошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб ба имзо расид.
Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби сардии иқлим ва бетаъмир мондани мактаби рақами 6 бинои он дар ҳолати фарсуда қарор дорад. Боми мактаб фарсудаву шикаста шуда, намнокиҳои бардавом дару дирезаҳои мактабро хароб намудаанд. Дар мактаб норасоии таҷҳизоти мактабӣ хеле назаррас аст.
Тавассути лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии мактаб иваз намудани бом ва дару тирезаҳо дар назар дошта шудааст. Зиёда аз ин мактаб бо таҷҳизоти омӯзишӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва тахтасинф муҷаҳҳҳаз мегардад. Беҳтар намудани муҳити мактаб ба воситаи лоиҳа ба инкишофи маориф дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб таъсири мусбат мерасонад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






