Муҳокимаи вазъи Афғонистон
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – 8 декабр дар Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти ҶТ конфронси ҳарсолаи байналмилалии илмӣ аз рӯи вазъи Афғонистон ва амнияти минтақа баргузор мешавад. Мавзӯи конфронс, ки бо ибтикори МТС ва бо дастгирии Бунёди Роза Люксембург доир мегардад, «Афғонистон, Покистон, Осиёи Марказӣ: воқеияти нави сиёсии минтақа» мебошад.Чунин ҳолат ба конфронс аҳамияти хоса мебахшад, ки 5 декабр дар шаҳри Бонни Олмон конфронси калони байналмилалӣ перомуни ояндаи Афғонистон баргузор гардида, дар он вазирони корҳои хориҷии беш аз 60 мамлакат, аз ҷумла намояндагони 15 созмони байналмилалӣ иштирок доштанд. Дар назар аст, ки дар конфронс аз рӯи маърӯзаҳо перомуни проблемаҳои ҳаётан муҳим ва масоили амнияти Осиёи Марказӣ баъди соли 2014 мубоҳисаҳо авҷ гирифта, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон ва коршиносони мустақил ба саволҳо посух медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






