Муаррифии Барномаи давлатии сармоягузорӣ
Душанбе, 9 декабрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ муаррифии «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014» ва «Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи Барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шарикони рушд баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат варзиданд. Тавре дар ҷаласа қайд гардид, тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушди миллӣ ва рушди мутавозуни минтақаҳо, инчунин кам кардани иншооти сохтмонаш нотамом аз ҷониби Вазорат «Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ» барои се соли минбаъда таҳия гардид. Барномаи мазкур аз лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ иборат буда, татбиқи онҳо барои таъмини иқтидорҳои истеҳсолӣ бо нерӯи барқ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, рушди савдо, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, рушди иқтидорҳои содиротии мамлакат нигаронида шудааст. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи самаранокии татбиқи Барномаи мазкур ва дуруст ба роҳ мондани таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ «Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ» ва татбиқи «Барномаҳои миёнамӯҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 августи соли ҷорӣ тасдиқ гардидааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






