Мулоқот дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар шаҳри Душанбе мулоқоти мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо директори минтақавии Лоиҳаи додани идрорпулӣ ба манзури тарбияи кадрҳо аз рӯи Барномаи кӯмаки бебозгашти Маркази байналмилалии ҳамкории Ҷопон (МБҲҶ) Вакако Ҳашимито ва профессори донишгоҳи шаҳри Ритсумейкан Нодир Қутбӣ баргузор гардид.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти вазорат хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот хатмкунандагони МБҲҶ, ҳамчунин кормандони вазорат аз натиҷаи таҳсилашон аз рӯи лоиҳаи мазкур нақл намуданд.Ҳамчунин перомуни ҷараёни таҳсил дар Ҷопон ва дурнамои татбиқи минбаъдаи лоиҳаи МБҲҶ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор барпо гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






