Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон

Декабрь 20, 2011 13:49

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрўз дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев мулоқот намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Алмазбек Атамбаевро бо интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Қирғизистон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори устувори рушди сулҳомезу босуботи Қирғизистони ҳамсоя мебошад». Зимни суҳбати пурмуҳтаво доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва ҳамгироии минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Қирғизистон сарони ду давлат ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории судманд, таҳкими дўстӣ ва ҳамсоягии наку таъкид доштанд. Зикр гардид, ки кори Шўрои байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, Комиссияи муайянсозии хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти корӣ ҷоннок карда шавад. Ҳавасмандии ду ҷониб ба идомаи ҳамкорӣ доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи КАСА – 1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Покистону Эрон таъкид гардид. Гуфтугўи судманд, ҳамчунин оид ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, аз ҷумла авзои кунунии Афғонистон ва доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 20, 2011 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст