Мулоқоти Сарвари давлат бо Канслери Ҷумҳурии Федералии Олмон
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Ҷанбаҳои гуногуни муносиботи бисёрарсаи Тоҷикистону Олмон дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери Ҷумҳурии Федералии Олмон хонум Ангела Меркел баррасӣ шуд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Меркел барои даъвати расмӣ ва меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, аз ҳамшарикии ду кишвар, ки ба меъёрҳои пазируфташудаи баробарҳуқуқӣ, хайрхоҳӣ, эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои якдигар асос ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.Он ки муносибатҳои ду кишвар имрўз ба сатҳи “ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувор” расидаанд, боиси қаноатмандии ҳарду ҷониб маънидод шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои мунтазами сиёсӣ ва ҳамкории зичи иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф ва ҳамчунин ба ҳамгироии амниятӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд. Бо ишора ба тақвият ёфтани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар изҳорири ҷум боварӣ карда шуд, ки иштироки Олмон дар рушди соҳаҳои саноати маъданҳои кўҳӣ, сабук, хўрокворӣ, химиявӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва ҳамчунин соҳаҳои молия, бонкдорӣ, қарздиҳии хурд ба соҳибкорон ва туризм дар Тоҷикистон тавсиа меёбад.Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ аз самтҳои ояндадори рушди муносиботи ҳасанаи ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки нақши Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон – ПАТРИП, ки бо дастгирии ҷониби Олмон таҳия ва қабул шудааст, дар ин раванд намоён хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурии Федералии Олмон барои татбиқи лоиҳаи ба роҳ мондани идораи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ арзи қадрдонӣ намуд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба таҳкими демократия, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзўоти мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.Зимни нишасти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Ангела Меркел ба масоили рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳо таъкид доштанд.Ба таъкиди Ангела Меркел, Олмон омода аст, ки ба Тоҷикистон барои татбиқи амалии имкону захираҳои фарохи иқтисодиаш, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва дигар арсаҳои афзалиятдори иқтисоди миллӣ кўмаки фаъол расонад.Тавре зикр гардид, барои беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон низ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд, то ки соҳибкорони хусусии Олмон ҳам васеъ ҷалб карда шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.