Муроҷиатномаи парлумони Тоҷкистон ба парлумони Ӯзбекистон

Декабрь 16, 2011 16:19

Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 декабри соли 2011 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ ба палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиатнома қабул кард. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани Тирмиз- Қӯрғонтеппа, ки минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо ҳам мепайвандад, изҳори нигаронӣ кардаанд.  Дар муроҷиатномаи вакилони парлумони Тоҷикистон омадааст, ки дар натиҷаи қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа дар қаламрави Ӯзбекистон беш аз 320 вагон бо 24 ҳазор тонна бор дармондааст. Ин борҳо шомили кӯмакҳои башардӯстона барои аҳолии камбизоат, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, борҳои ниҳоят муҳим барои нерӯҳои коалитсионии зиддитеррористӣ ва аҳолии минтақаҳои шимоли Афғонистон, ҳамзамон таҷҳизот барои ширкатҳои Эрон, Туркия, Ҷопон ва дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон иншооти гуногун сохта истодаанд, мебошанд. «Ширкати Ӯзбекистон Темир Йуллари» иттилоъ додааст, ки ҳаракати қатораҳои Тоҷикистон бо сабаби вайрон шудани пояҳои пули роҳи оҳани қитъаи Ғалаба-Амузанг дар ҳудуди Ӯзбекистон дармондаанд. Аммо ба назари мутахассисон таъмир ва барқарорсозии пул вақт ва хароҷоти зиёдро тақозо намекунад, ҳол он ки ҳаракати вагонҳо дар ин масир ҳанӯз як моҳ пеш –аз 17 ноябри соли 2011 қатъ гардидааст. Дар муроҷиатномаи вакилони парлумони Тоҷикистон гуфта шудааст, ки бо чунин вазъи ба амаломада ду вилояти Тоҷикистон –Хатлон ва Бадахшон дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доранд. Дар ин масъала муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳамкорони ӯзбекистонии худ ҷиҳати барқарорсозии ин қитъаи роҳ беҷавоб мондааст. Ҳатто пешниҳод дар мавриди барқарорсозии пул бо харҷи маблағ аз ҷониби мутахассисони тоҷик дастгирӣ наёфт. Мутаассифона, ин кор дар сатҳи ҳукуматӣ низ дар ҳамин ҳол қарор дорад. Дар муроҷиатномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки унвонии спикери палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон Дилором Тошмуҳаммедова суроға шудааст, гуфта мешавад, ки : «мо ба муносибатҳои дуҷонибаи халқҳоямон баҳои баланд дода, онҳоро қадр менамоем ва итминон дорем, ки халқҳои мо дорои иқтидори бузурги амалӣ намудани ҳамкории зич дар тамоми соҳаҳо, дарёфи ҳалли тамоми масоили барои манфиати ду давлат ва минтақаи Осиёи Марказӣ судманд мебошанд. Мо умедворем, ки ин мушкилот дар кӯтоҳтарин мӯҳлат дар рӯҳияи дӯстии анъанавии чандинасраи халқҳоямон ҳалли худро меёбанд». Зимни қироати муроҷиатнома Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки вазъи ба амаломада, ки дар мавсими зимистон ба иқтисодиёти кишвар ҳисороти зиёд ба бор овардааст, вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон нисбат ба он бетафовут нестанд. Аз ин рӯ мо умеди калон дорем, ки муроҷиатномаи вакилони парлумони Тоҷикистон аз ҷониби вакилони парлумони Ӯзбекистон беҷавоб нахоҳад монд, афзуд Зуҳуров.

Декабрь 16, 2011 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд