Нақлиёти автомобилӣ ва вазъи боркашонӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар 11 моҳи соли 2011 бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилии шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 48 млн. 240 ҳазор тонна бор кашонида шудааст. Сохтори боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар вилояти Суғд 18 млн. 476 ҳазор тонна бор, вилояти Хатлон – 16 млн. 923, ВМКБ – 194,9 ҳазор тонна, шаҳри Душанбе -4 млн. 182 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 млн. 460,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






