Оғози сафри расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Украина

Декабрь 15, 2011 16:55

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба Украина рафт.Дар фурўдгоҳи байналмилалии Борисполи шаҳри Киев меҳмони олимақомро бо меҳмоннавозии самимӣ истиқбол гирифтанд.Барномаи сафари расмӣ бо маросими гулгузорӣ дар назди пайкараи Сарбози номаълум ва иштирок дар маросими «Голодомор» оғоз ёфт.Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Дастгоҳи Президенти Украина баргузор гардид.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Украина Виктор Янукович истиқбол гирифт.Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани Горди фахрии Украина, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.Масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович баррасӣ шуд. Гуфтугўйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2009 65% зиёд аст ва имсол низ ин тамоюл идома дорад.Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика ҳамоно аз самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Киев иттилоъ дод.

Декабрь 15, 2011 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд