Пардохти изофапулӣ пешбинӣ мешавад
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар шаҳрванд дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар кор мекунанд ва 50 %-и коргарони кирояро занон ташкил медиҳанд», гуфт Маҳмадамин Маҳмадинов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар парлумони мамлакат. Мавсуф зикр кард, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати кишвар бамаврид аст ва барои тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандон ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити кунунӣ мусоидат мекунад. Вазир зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ ба афзоиши босуръати намудҳои гуногуни шуғлнокӣ ва тағйирёбии хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ дар бозори меҳнат, кафолати имтиёзҳои кормандон ва шароити мусоиди кории онҳо нисбат дод. Таъкид шуд, ки тибқи таҳлилҳои охир сатҳи шуғлнокии ғайрирасмӣ дар бозори меҳнат беш аз 40 %-ро ташкил медиҳад, ки яке аз сабабҳои ин нуқсон номукаммалии Кодекси меҳнат буд. «Ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнат барои паст намудани шуғли ғайрирасмӣ ва дар ин замина ҷиҳати пардохти бештари ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ба буҷа ва таъмини иҷтимоии худи кормандон мусоидат менамояд»,-афзуд Маҳмадаминов. Тағйироти пешбинишуда ба банди 2 моддаи 46-и Кодекси мазкур ба тақвияти ҳимояти ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон равона гардида, манъи амалҳои ғайриқонунии корфаромоёнро ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бинобар сабаби беморӣ ё нокифоятии ихтисосӣ дар назар дорад. Аз ин рӯ, тибқи моддаи 46 аз кор озод намудани корманд бинобар вазъи саломатӣ ва нокифоятии ихтисосӣ танҳо дар асоси хулосаи тиббӣ ва ё натиҷаи санҷиши ихтисосӣ сурат мегирад. Шодӣ Шабдолов, роҳбари коммунистони ҷумҳурӣ зимни муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки масъалаи аз кор озод намудани корманд на танҳо дар муассисаҳои хусусӣ, балки дар идораҳои давлатӣ низ вуҷуд дошта, баъзе роҳбарон аз вазифаҳои худ суйистифода намуда, ҳуқуқҳои кормандонашонро поймол месозанд. Мавсуф аз муаллифони таҳияи нави лоиҳаи Конун суол кард, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ касе намедонад, ки ҳаққи соати кории корманд дар рӯзҳои истироҳатӣ ва ид чӣ гуна пардохт карда мешавад? Вакил Сабоҳат Муқимова дар посухи ин савол гуфт, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти изофапулиро барои изофакорӣ дар рӯзҳои ид ва истироҳат ба кормандон ба андозаи ду баробар пешбинӣ намудааст. Дар маҷмӯъ ҳамаи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ба тақими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ нигаронида шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






