Сӯҳбати телефонии Э. Раҳмон бо раисони шаҳру навоҳӣ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шӯрообод, Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик ба тариқи телефон ҳисобот доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо доир ба рафти киштукори тирамоҳӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистон, ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ пурсон шуд.Дастур дода шуд, ки киштукори тирамоҳиро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд, то ки барои таъмини фаровонҳосилии соли оянда заминаи боэътимод гузошта шавад.Таъкид гардид, ки барои таъмини шароити зарурии зимистонгузаронӣ, бахусус дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.Ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






