Сафари намояндагони Маркази миллии қонунгузорӣ ба Минск

Декабрь 16, 2011 17:06

Душанбе, 16 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Чанде қабл директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор М.З. Раҳимов барои анҷоми сафари хизматӣ бо мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар намуд. Ҳайати корӣ сараввал аз Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқоти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Беларус, ки 15 сол инҷониб амал менамояд ва айни замон раҳбарии онро В.Д. Ипатов ба ӯҳда дорад, дидан намуд. Директори Марказ, профессор М.З. Раҳимовоид ба нияти анҷоми ин сафар, ки тарафҳо қаблан ба мувофиқа расида буданд, ҳарф зада, сипас дар бораи салоҳият ташкили кор ва вазифаҳои марказ мухтасар маълумот дод. Табодули таҷриба бо фаъолияти ин марказ нишон дод, ки маҷмӯан дар он 115 корманди амалӣ ва назариявӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Вазифаҳои асосии марказ таҳия ва экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо, банақшагириии қонунгузорӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ дар соҳаҳои муносибатҳои гражданӣ, молиявӣ, иқтисод, экология, амнияти миллӣ, фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, иҷтимоиёт ва муносиботи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Беларус мебошад. Ҳангоми сафар ҳамчунин ҳайати корӣ ба Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Беларус, ки сарварии онро О.Э. Кравцов ба ӯҳда дорад, ташриф оварданд. О.Э. Кравцов низ бо иштироки муовинони худ машварати корӣ барпо намуда, салоҳият ҳадаф ва мақсадҳои фаъолияти ин марказро аз тариқи технологияи муосири компютерӣ муаррифӣ намуд. Маълум гардид, ки дар ин марказ 250 нафар ба кори таъминоти иттилоотии ҳуқуқӣ фаро гирифта шуда, асосан ба технологияи навини иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, дорои махзани ягонаи иттилооти ҳуқуқии «Эталон» мебошад. Ҳангоми вохӯрӣ аз кори ҳар як шӯъба ва китобхонаи он ҳайати корӣ дидан намуда, бо таҷрибаи таҳлили иттилооти ҳуқуқӣ, таъминоти техникии ҳуқуқэҷодкунӣ ва тарзи кор бо дигар муассисаҳо ва ширкатҳое, ки дар ҷараёни қонунгузорӣ қарор доранд, маълумот пайдо намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ директори марказ, профессор М.З Раҳимов оид ба фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтасар маълумот дод. Сипас аз осорхонаи парламент бо роҳбаладии мудири шӯъбаи ҳуқуқии он Н.Н. Кулеш дидан намуда, бо фаъолияти қонунгузории палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Беларус ва таҷрибаи қонугузории он шинос шуданд. Директори Марказ, профессор М.З. Раҳимов оид ба ҷараёни қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод, ки боиси таваҷҷӯҳи онҳо гардид. Натиҷаҳои сафари мазкур хеле ҳам бобарор буданд. Дар фарҷоми он рӯзи 9 декабри соли 2011 Ёддошти тафоҳум бо Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус дар ҳузури сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Қ.Қоимдодов ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум мубодилаи фаъолияти қонунгузорӣ, гузаронидани машваратҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои актуалии инкишофи қонунгузорӣ,анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва нашри мақолаҳои илмиро дар бар мегирад. Бар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мақсаднок дар соҳаи иттилоърасонӣ, фаъолияти тадқиқотӣ, ворид сохтани технологияҳои комуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо амалӣ мегардад.

Декабрь 16, 2011 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт