Сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Меъроҷ»-и Хуҷанд китоби Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, раиси муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро таҳти унвони «Сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса:давлат ва ҳунар»-ро бо теъдоди 1000 нусха чоп намуд. Китоби мазкурро Шоҳмансури Шоҳмирзо, намояндаи Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҳуруфоти форсӣ ба кириллӣ баргардонидааст. Китоб бо сарсухани Жан Клод Карер, устоди синамогарони Фаронса ҳусни оғоз ёфта, аз даҳ фасл иборат аст. Китоб хонандагонро бо ҷараёни шаклгирии сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса, ки имрӯз яке аз қутбҳои фарҳангии ҷаҳон маҳсуб мешавад, ошно менамояд. Дар чанд намунаи ёдшуда бархе аз аслҳои сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар фасли нахустини китоб усули куллии ҳоким бар сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса баррасӣ шуда, инчунин сайри таърихии вуруди давлат бар арсаи фарҳангу ҳунар, бархе аз усулҳои сиёсатгузории фарҳангӣ, монанди тамаркуззудоӣ ва ҳаққи таълиф, сиёсатҳои давлат дар бораи ҳунарҳои намоишӣ, синамоӣ, таҷассумӣ ва мусиқӣ матраҳ шудааст. Китобро қаблан нашриёти «Самт»-и Эрон ду маротиба чоп намуда, инчунин бобҳои он дар шакли мақолаҳои мустақил дар саҳифаҳои маҷаллаҳои ин кишвар ба табъ расидааст. Китоби мазкур на танҳо барои донишҷӯёни риштаи фаронсашиносии донишгоҳҳо, балки барои шахсоне, ки дар бахши фарҳанг фаъолият менамоянд, муфид аст. Муаллифи китоб -Ҳуҷҷатуллоҳӣ Аюбӣ собиқаи илмии пурбор дошта, солиёни зиёд дар Ройзании фарҳангии Эрон дар Фаронса фаъолият намудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






