Тайёрӣ ба тирамоҳу зимистон ҷӣ гуна ҷараён мегирад?
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳанӯз моҳи майи соли ҷорӣ рафти тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2012 дар ҷаласаи шаҳрдорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрдорӣ идораҳои марбутаро барои таъмини аҳолӣ бо гармӣ сари вақт огоҳ намуда, маблағ ҳам ҷудо карда буд.Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо боридани барфи аввал дар моҳи ноябр бо роҳбари Маркази гармидиҳии шаҳр Мирзо Назиров дар тамос шуда оид ба таъмини аҳолӣ бо гармӣ ва оби гарм пурсон шуда буд. Дар ҷавоб омодагии ҳаматарафа ва дар ҳарлаҳза интизор буданашонро дар бораи гирифтани дастури ширкати «Барқи тоҷик» дар мавриди додани гармӣ иброз дошта буданд. Бо сар шудани хунукиҳои моҳи декабр хабарнигори АМИТ «Ховр» ин мавзӯъро бори дигар бо роҳбарияти Маркази гармидиҳии шаҳр ба миён гузошт ва ҷавоб боз ҳамон: — буд, куим «Ширкти «Барқи тоҷик» дастур надодааст» Соли гузашта котиби матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ дода буд, ки ҳукумати шаҳр барои азнавсозии Маркази гармидиҳӣ тавассути технологияи нав (нана технология) маблағ ҷудо намудааст, ки тибқи он ба ҷои мазут ангиштро истифода мебаранд. Саволи матраҳ ба идораҳои марбута ин аст, ки маблағи ҷудошуда чӣ шуд, Азнавсозии Маркази гармидиҳӣ бо чӣ анҷом ёфт, супориши гирифтаи ширкати «Барқи тоҷик» дар бораи таъмини сӯзишворӣ чӣ гуна иҷро шуд? Ва чаро ширкат дар бораи додани гармӣ ба Маркази гармидиҳии шаҳр дастур намедиҳад ва боз чандин чароҳои дигар, ки моро ба сӯи ширкат мебаранд ва ширкат ба ҳамаи ин чароҳо хомӯширо ихтиёр кардааст.