Таъсиси бонки фаръии «Бонки рушди Тоҷикистон»

Декабрь 7, 2011 16:11

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» бо мақсади васеъ намудани доираи хизматрасониҳои бонкӣ барои мардуми кишвар ва мусоидат ба пешрафти низоми бонкии ҷумҳурӣ 100% саҳмияҳои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро харид намуда, дар заминаи он бонки фаръии худро таъсис дод. Ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, ки фаъолияти бонки фаръии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар низоми «Тоҷиксодиротбонк», ки дар заминаи яке аз бонкҳои фаъоли мамлакат таъсис ёфт, барои афзун намудани нишондиҳандаҳои бонк ва ҳамзамон таъмини дастрасии бештари мардуми кишвар ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ мусоидат хоҳад намуд.

Декабрь 7, 2011 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд