Тоҷикистон дар бобати таълими кадрҳои ҳарбӣ ва мулкии Афғонистон кӯмак мекунад
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар Вилнюс Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳ. Зарифӣ бо намояндаи махсуси СММ оид ба Афғонистон Ян Кубиш мулоқот кард.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии минтақа ва Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуданд. Ҳ. Зарифӣ мавқеи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи қадамҳои минбаъда оид ба таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя баён намуд. Вазир зарурати афзоиши кӯмаки молию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон ба мақсади барқарорсозӣ ва таҷдиди иқтисоди он махсус қайд кард. Зикр гардид, ки бо сабаби ба Афғонистон додани ваколати таъмини амният, нақши СММ ба ҳайси сохтори байналхалқӣ боло меравад, ки тақозо дорад, то ба ҳукумати Афғонистон барои расидан ба ҳадафҳо кӯмак намояд. Вазири корҳои хориҷӣ омодагии Тоҷикистонро дар истифодаи иқтидораш барои расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва техникӣ ба Афғонистон, бахусус дар соҳаҳои таъмини қувваи барқ, коммуникатсия, ҳамчунин таълими кадрҳои ҳарбӣ ва мулкӣ изҳор дошт.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






