Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо шарикони байналхалқист
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). –5 декабри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳое, ки дар кори Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон иштирок доштанд, боздидҳо намуд.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҳ. Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Қозихонов, Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ Изабел Герреро, Президенти Бонки исломии рушд Ал-Маданӣ ва бо Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот намуд.Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.Ҳ. Зарифӣ бахусус таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбатонашро ба вазъияти таъмини қувваи барқ дар кишвар ва мушкилиҳои ҷойдошта дар фасли зимистон ҷалб кард.Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Вазири корҳои хориҷии ҶТ бори дигар ба мусоҳибони худ итминон дод, ки Тоҷикистон омода аст, то ҳамкориро бо сохторҳои гуногун ва шарикони байналхалқӣ идома диҳад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






