Тоҷикистону Эрон парвариши шутурмурғро ба роҳ мемонанд

Декабрь 9, 2011 17:25

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Субҳи имрӯз дар Вазорати кишоварзӣ вохӯрии Сафири фақулодда ва мухтори Ҷумхурии Исломии Эрон Алӣ Асғари Шеърдӯст бо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов баргузор гардид, ки зимни он вазир оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни кишоварзии байни ду кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла қай кард, ки байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз моҳи апрели соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.Ҳаҷми гардиши умумии савдои хориҷӣ дар 10 моҳи соли 2011 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 165 млн. 551 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла содирот -33 млн. 513 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 132 млн. 038 ҳазор доллари ИМА.Аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти чӯҷаи зотӣ, тухми инкубатсионӣ, таҷҳизот ва хӯрокии консентратии парранда, модарзанбӯри эронӣ, муми занбӯри асал, доруворӣ, тухми бордоркардашудаи гулмоҳӣ ба роҳ монда шудааст.Дар соли 2009 2 адад қафас барои парвариши гулмоҳӣ ба маблағи 27 700 долари ИМА аз ҳисоби Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ харид шуда, ба хоҷагии моҳипарварии «Норак-Бойғозӣ»-и шаҳри Норак дастрас гардид, ки дар айни замон дар он зиёда аз 4 ҳазор дона гулмоҳӣ парвариш меёбад. Корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶСК «Якарчаи»-и ноҳияи Мӯъминобод, ҶСК «Мурғи ҳилол» ва «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод, ҶДММ «Мурғи порсиён»-и шаҳри Сарбанд, ҶСК «Хоҷамастон»-и ноҳияи А.Ҷомӣ ва ҶДММ «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ бо ширкатҳои эронии «Мирнизом», «Абзон», «Ник» ва «Арсанкорӣ»-и шаҳри Теҳрон, «Мозандарон»-и шаҳри Мозандарон, «Мурғи Порсиён», «Ҷавонон»-и Хуросон, «Гуартасанд»-и Тус ва «Мурғак»-и шаҳри Машҳад ҳамкории зич доранд.Корхонаи Воҳиди Давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии ҶТ бо Ассотсиатсияҳои занбӯрпарварии минтақаҳои Теҳрон, Мозандарон ваОзарбойҷон ҳамкорӣ мекунад.Бо пешниҳоди вазорат хоҷагии деҳқонии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо мутахассисони эронӣ 4 ҳазор ниҳоли пайвандии пистаро тайёр намудаанд. Аллакай дар майдони 3 гектар 500 ниҳол афзоиш ёфта истодаанд. Инчунин хоҷагии мазкур дар соли 2010 аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 40 тонна картошкаи тухмӣ ба ноҳияи Ҷиргатол ва 41 тонна картошкаи тухмӣ ба ноҳияи Қубодиён ворид намудааст.Сафири Эрон Алӣ Асғари Шеърдӯст дар навбати худ қанотмандиашро доир ба рушди ҳамкориҳои Эрон бо Тоҷикистон дар самти кишоварзӣ иброз намуда, ҳамзамон зарурати тавсеаи онҳоро таъкид кард. Аз ҷумла, зимни муаррифии соҳаи шутурмурғпарварӣ дар Эрон, ӯ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар парвариши ин намуди парранда дар ҷаҳон ҳамто надорад ва ҳатто Донишгоҳи махсуси «Зобур»-ро таъсис додааст. Ба ақидаи сафир боду ҳавои минтақаи Осиёи Миёна барои парвариши ин намуди паррандаи сермаҳсул ва камхарҷ мутобиқ мебошад ва сафорат омодааст ба ширкатҳои эронӣ, ки бо ин кор машғуланд, барои ба роҳ мондани парвариши шутурмурғ дар Тоҷикистон муроҷиат намояд. Ғайр аз ин ӯ қайд намуд, ки сохтмони корхонаи бузурги коркарди пӯст ва кушторхонаи махсус барои моли калону майда дар назар аст. Ин дар навбати худ барои рушди соҳаи чорводорӣ асос мегардад.Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфамҳмӣ ва дӯстона сурат гирифт.

Декабрь 9, 2011 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд