Ғалабаи Юсуф Абдусаломов дар «Mongolia Open-2012»
Душанбе, 20 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Паҳлавони тоҷик Юсуф Абдусаломов дар риштаи гӯштии тарзи озод дар мусобиқаи байналмилалии «Mongolia Open-2012» ширкат варзида, дар вазни 84 кг ғолиб омад. Дар зӯрозмоиҳо варзишгарони Амрико, Русия, Куба, Ҷопон ва Муғулистон ширкат карданд. Дар ҷамъбасти даставӣ соҳибони майдон бо 8 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ мақоми аввал, Русия бо 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ зинаи дуввум ва Ҷопон бо ду медали тилло ва 4 медали биринҷӣ мақоми сеюмро касб карданд. Аз Тоҷикистон танҳо Юсуф Абдусаломов дар ин мусобиқа ширкат кард. Хазинаи ҷоизавии мусобиқа барои ҷои аввал 3000 доллари амрикоӣ, барои ҷои дуввум 2000 ва барои мақоми сеюм 1000 доллар муайян карда буд.Барои роҳхат ба бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломовро лозим аст, ки дар се мусобиқаи литсензионии соли 2012, ки дар Алма-Ато ( 28 март-2 апрел, чойҳои 1 ва 2), Тайюани Чин( 25-29 апрел, ҷойҳои 1 -3) ва Ҳелсинки (2-6 май, ҷойҳои 1-2) барпо мешаванд, яке аз мақоми ифтихориро ба даст орад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






