Ғолиби зинаи аввалро 3000 $ интизор аст
Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) нахустин ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои таҷассумии СҲИ-ро дар мавзӯи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, маросим ва оинҳои наврӯзӣ баргузор менамояд. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи табодули таҷрибаи ҳунарӣ миёни ҳунармандони муосир ва бар заминаҳои ҳуввияти фарҳангӣ дар осори ҳунармандони муосири ҷаҳон, хусусан 10 кишвари узви СҲИ гузаронида мешавад. Дар ҷашнвора ҳамзамон осори ҳунармандони муосири дигари ҷаҳон, ки б мавзӯи ин ҷашнвора иртибот доранд, пазируфта мешаванд. Тибқи иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси бахши фарҳангӣ, ҷашнвора дар се бахш -акс, графика ва карикатура гузаронида шуда, маҳалли баргузории он толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев аст. Намоишгоҳ ба сурати комил дар кишварҳои дигари узви СҲИ ё кишварҳое, ки узви СҲИ нестанд, барпо мешавад.Ҷоизаҳо ба ғолибони зинаҳои аввал то сеюм дар ҳар бахш илова бар тандиси вижа ва дипломи ифтихории Муассисаи фарҳангии СҲИ бо тартиб 3000, 2500 ва 1500 доллар аст. Ҳамчунин, ба интихоби ҳайати доварон 7 асари писандида интихоб ва ба ҳар як аз онҳо лавҳи тақдири Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ҳамроҳи 1000 доллар ҳадя мешавад. Шахсоне ки мехоҳанд асарҳои худро ба ҷашнвора пешниҳод созанд, аз 9 январи соли 2012 ба сайти расмии ҷашнвора http://www.ecieco.org муроҷиат намоянд. Охирин мӯҳлати сабти ном 5 феврали соли ҷорӣ аст. Дар ҷашнвора ҳунармандони машҳури Тоҷикистону Эрон ва Озарбойҷон, ба мисли Заур Дахте, Сайфуллоҳи Самадиён, Амруллоҳи Фарҳодӣ, Комбизи Дирамбахш, Марями Зандӣ, Фарзоди Ҳошимӣ ва Элман Мирзоев доварӣ менамоянд. Таърихи ифтитоҳи намоишгоҳ дар рӯзҳои оянда эълон хоҳад шуд.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






