Қаҳрамони олимпиро хона интизор аст
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он ҳар варзишгари душанбегие, ки дар Бозиҳои Олимпии Лондон -2012 соҳиби медали тилло мегардад, ба ӯ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим гардида, бо унвони сокини ифтихории Душанбе қадр карда мешавад. Инчунин, дар асоси ин қарор барои варзишгароне, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ мегарданд, 45 ва 35 ҳазор сомонӣ ва ба варзишгаре, ки дар риштаи варзиши олимпӣ қаҳрамон мегардад, 20 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Мавриди зикр аст, ки аз Душанбе алҳол чор варзишгар ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои тобистонаи Олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд. Инҳо боксчӣ Анвар Юнусов, гурзпарто Дилшод Назаров ва таэквандо чиён Алишер Гулову Фарҳод Неъматов мебошанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






